Раиси шаҳри Душанбе ба муовинаш танбеҳ эълон кард

Рӯзи 7-уми октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи ҳукуматҳои ноҳияҳо, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи […]

ASIA-Plus


Рӯзи 7-уми октябр таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони Комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, сохторҳои марбутаи ҳукуматҳои ноҳияҳо, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳифзи ҳуқуқ, иттифоқҳои эҷодию воситаҳои ахбори омма ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, масъалаи вокуниши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба муроҷиати шаҳрвандон дар маркази таваҷҷуҳи ҳозирини ҷаласа қарор гирифт.

Дар иртибот ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ҳар як муроҷиат ва ҷараёни иҷроиши он дар доираи салоҳият ва муқаррароти қонунгузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, оид ба дар доираи имконият ва талаботи мавҷуда то ба охир ҳал нанамудани муроҷиати  раиси маҳаллаи Авул-1 бобати то маҳаллаи Авул-2 тамдид накардани хатсайри автобуси №37 ба муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе Абдулҳақ Оев ва перомуни саривақт ба муроҷиати сокинони маҳаллаи Саҳбо бинобар бо мавзеи Сариосиё ҳамсарҳадӣ доштан  ғайриимкон будани ҷудо кардани қитъаи замин барои қабристон, ба масъулини кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе танбеҳ эълон карда шуд.

Раиси пойтахт ҳушдор дод, ки минбаъд дар сурати беэътиноӣ зоҳир намудан дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон нисбати масъулин аввал танбеҳ ва сипас чораҳои ташкилӣ то ҳадди аз ишғоли мансаб озод намудан андешида хоҳад шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.