Баррасии масъалаи танзими раванди муҳоҷират дар вохӯрии Девонаев ва Ромодановский

Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский баргузор шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми рӯзи 7-уми октябри соли равон дар Душанбе мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Сафиало Девонаев бо сардори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский баргузор шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ, дар мулоқот масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ҷиҳати мусоидат дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистон аз 16-уми октябри соли 2004 табодули назар намуданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба бурдани корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон бо мақсади роҳ надодан ба риоя накардани қонунҳои амалкунандаи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори ақида намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.