Муҳаммадиев ҳайати дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистонро эълон кард

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати дастаи Тоҷикистонро дар вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Қирғизистон эълон намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста 24 нафар бозингарон шомил гардиданд, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар мавзеи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба тамрину омодагӣ машғуланд. Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаб […]

ASIA-Plus


Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев ҳайати дастаи Тоҷикистонро дар вохӯрии дӯстона бо тими мунтахаби Қирғизистон эълон намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати даста 24 нафар бозингарон шомил гардиданд, ки шурӯъ аз 7-уми октябр дар мавзеи Алмосии ноҳияи Ҳисор ба тамрину омодагӣ машғуланд.

Гуфта мешавад, ба ҳайати дастаи мунтахаб бори нахуст ҳамлагари дастаи «Хайр» Мирзобек Мирзоев, ҳимотгари ҳамин даста Идибек Ҳабибуллоев, нимҳимоятгари дастаи «Равшан» Бахтиёр Ҳасанов ва нимҳимоятгари марказии дастаи «Истаравшан» Илҳом Баротов даъват шудаанд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар ҳайати зерин эълон шуд:


Дарвозабонҳо:

Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Рустам Ризоев («Равшан»);


Ҳимоятгарон:

Соҳиб Саванқулов («Ревон», Озарбойҷон), Фарҳод Восиев («Газовик», Русия), Даврон Эргашев («Жетису», Қазоқистон), Далер Тухтасунов, Ҳасан Рустамов, Алексей Негматов (ҳама – «Равшан»), Сиёвуш Асроров, Наим Ӯлмасов, Эраҷ Раҷабов, Ахтам Назаров (ҳама – «Истиқлол»), Идибек Ҳабибуллоев («Хайр»);


Нимҳимоятгарон:

Илҳом Баротов («Истаравшан»), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Иброҳим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама – «Истиқлол»), Бахтиёр Ҳасанов («Равшан»);


Ҳамлагарон

: Мирзобек Мирзоев («Хайр»), Фарҳод Тоҳиров («Истаравшан»), Ахтам Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»).

Ёдрас мекунем, ки вохӯрии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Қирғизистон рӯзи 15-уми октябр дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек доир мегардад. Бозӣ соати 15:00 бо вақти Душанбе оғоз мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.