Додоев: КМИР дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дорад

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешабришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст. Раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати шумори имзоҳои зарурӣ (210 ҳазор) ба КМИР аз ҷониби се ҳизб – ҲХДТ, […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешабришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст.

Раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев ба ОИ «Азия-Плюс» имрӯз дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯйхати шумори имзоҳои зарурӣ (210 ҳазор) ба КМИР аз ҷониби се ҳизб – ҲХДТ, ҲАТ ва ҲИИТ пешниҳод шудаанд.

Ба қавли Додоев, шоми имрӯз КМИР санҷиши интихобии имзоҳои аз ҷониби ин ҳизбҳо ба дастгириии номзадҳо аз ҲХДТ – Эмомалӣ Раҳмон, ҲАТ – Толиббек Бухориев ва ҲИИТ – Олимҷон Бобоевро ба итмом расониданист.

«Агар дар варақаҳои имзои аз ҷониби ин аҳзоб пешниҳодшуда иштибоҳоте пайдо нашаваду нисбат ба онҳо мо саволе надошта бошем, пагоҳ мо онҳоро расман ҳамчун номзад ба мансаби президентӣ ба қайд мегирем», – иброз дошт ӯ.

Бо такя ба маълумоти расида аз ситодҳои номзадон аз ҲКТ (Исмоил Талбаков), ҲДТ (Саидҷаъфар Исмонов) ва ҲСТ (Абдуҳалим Ғаффоров), Додоев зикр кард, ки рӯйхати имзоҳо аз ҷониби онҳо шоми имрӯз ё субҳи рӯзи дигар ба КМИР пешниҳод мегарданд.

«Тибқи талаботи қонунгузории кишвар, КМИР маросими расман бақайдгирии номзадҳо ба мансаби президентиро бояд 25 рӯз қабл аз санаи баргузории интихобот (6-уми ноябр), яъне то соати 18:00-и рӯзи 11-уми октябр ба итмом расонад. Мо мутмаинем, ки то ин сана ҳамаи номзадҳоеро, ки ба ҷонибдории худ 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намуданд, ба қайд мегирем», – изҳор кард роҳбари Дастгоҳи КМИР.

Ёдрас мекунем, ки пас аз қарори КМИР дар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ)

тасмим гирифта шуд

, ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.