Парлумон ба омӯзиши нишондиҳандаҳои буҷети соли 2014 оғоз кард

Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» оғоз карданд. Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати муовини раиси палата Амиршо Миралиев дар ин бора қарори дахлдор қабул шуда, кумита ва комиссияҳои парлумон муддати се ҳафта нишондиҳандаҳои буҷети соли ояндаро, ки аз […]

Аваз Юлдошев


Дар палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014» оғоз карданд.

Дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати муовини раиси палата Амиршо Миралиев дар ин бора қарори дахлдор қабул шуда, кумита ва комиссияҳои парлумон муддати се ҳафта нишондиҳандаҳои буҷети соли ояндаро, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шудааст, мавриди омӯзишу баррасӣ қарор медиҳанд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, ахири моҳи сентябр ҳукумат лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2014» ва нишондиҳандаҳои буҷет дар солҳои 2015-2016-ро баррасӣ намуд.

Тибқи пешгӯиҳои ҳукумат, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар соли 2014 ба андозаи 48,5 миллиард сомонӣ, болоравии ҳаҷми истеҳсолот бо ифодаи реалӣ 7,6%, таваррум 7,5% ва индекси дефлятор 5,9% ба нақша гирифта шудааст.

Ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ бошад, 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (28,7% ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба Буҷети давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд мебошад.

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 ва 2016 бошад, тибқи дурнамо, мутаносибан ба андозаи 15,3 миллиард ва 16,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҷаласаи имрӯза Шӯрои палатаи поёнии парлумон ҳамчунин оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи суғуртаи хатарҳои бахши кишоварзӣ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Ба иттилои котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов, гурӯҳи кории мазкурро раиси Кумитаи масоили аграрӣ, захираҳои об ва замини МНМО ҶТ Саиди Ёқубзод роҳбарӣ мекунад.

Ба гуфтаи Султонов, дар ҷаласаи имрӯзаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағийроту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи милитсия», «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти сохтмону нигоҳдории роҳҳо», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо» ва «Дар бораи ҳифзи солимии аҳолӣ» низ баррасӣ шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.