Н.Николаев: Қувватов ҳоло ҳам дар озодӣ қарор дорад

Николай Николаев, адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, овозаҳои пайдошуда дар шабакаи Фейсбук оида ба истирдоди зерҳимояи худ ба Тоҷикистонро носаҳеҳ унвон кард. Адвокат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ӯ ҳам аз чанд нафаре дар ин бора шунидааст, вале мутмаин аст, ки «ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд». «Айни замон […]

ASIA-Plus


Николай Николаев, адвокати пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, овозаҳои пайдошуда дар шабакаи Фейсбук оида ба истирдоди зерҳимояи худ ба Тоҷикистонро носаҳеҳ унвон кард.

Адвокат ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки ӯ ҳам аз чанд нафаре дар ин бора шунидааст, вале мутмаин аст, ки «ин овозаҳо асоси воқеӣ надоранд». «Айни замон Қувватов ба масъалаи дуруст кардани макони будубоши наваш  машғул аст, ки дар куҷо воқеъ буданаш ба касе маълум нест», – иброз дошт ӯ.

Николаев гуфт, алҳол Қувватов бо ӯ ба тамос намебарояд ва аз сабаби ин низ ӯ алҳол огоҳ нест. «Чанде аз ҳамдиёронаш изҳор карданд, ки бо Қувватов дар кишвари будубошаш суҳбат доштаанд. Ман дидаву дониста ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунам, агар хоҳиш дошта бошад, хабар медиҳад ва агар хоҳиш надошта бошад ҳам, боке нест. Муҳимаш зиндаву солим будани ӯ аст», – зикр кард адвокат.

Аммо Николаев бар ин назар аст, ки Қувватов «бо канорагирӣ фурсати хеле муҳими пешравӣ дар амалҳоро аз даст медиҳад ва барои сиёсатмадор ин на он қадр хуб аст».

«Фурсати хубе барои ӯ аз даст рафта истодааст ва бо гузашти чанд муддати дигаре тамоми кӯшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳри раҳоии ӯ аз тавқифгоҳи Дубай барабас хоҳанд рафт», – таъкид дошт ҳимоятгар.

Пас аз 9 моҳи боздошт рӯзи 26-уми сентябр У.Қувватов аз тавқифгоҳи шаҳри Дубайи Аморати Муттахидаи Араб озод шуд. Маълумот дар бораи озодии ӯро Николаев худи ҳамон рӯз дар саҳифаи фейсбукиаш интишор намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукуматдорони тоҷик бовар доштанд, ки Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд. Ахири моҳи август як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад.

«Мо дар тамоми мурофиаҳои судӣ ғолиб омадем, яъне суди зинаи аввал ва таҷдиди назар дар ҳарду ҳолат ҳам ба истирдоди Қувватов ба Тоҷикистон қарор содир намуд. Шикояти Қувватов ва адвокати ӯ рад карда шуд, – иброз дошта буд он замон манбаъ. – Айни замон танҳо масъалахои техникиро ҳал кардан зарур аст».

Аммо муовини прокурори генералии Тоҷикистон Абдурашид Кишварзода ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки аз хабарҳои шабакаи Интернет дар бораи озодии Қувватов

алҳол наметавон комилан тасдиқ намуд

, ки ӯ истирдод намешавад, зеро аз АМА ба Тоҷикистон расман дар ин хусус посухе нарасидааст.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми август баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.