Раҳмон нахустин номзад ба мақоми президентӣ мешавад


Ситоди пешазинтихоботии номзади пешбаришудаи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ), раиси он Абдуҳалим Ғаффоров шоми рӯзи сешанбе ба КМИР варақаҳо бо 218 ҳазор имзо ба ҷонибдории номзадашонро пешниҳод намуд.

Бино ба маълумоти КМИР ҶТ, номзадҳо аз Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков ва Ҳизби демократ Саидҷаъфар Исмонов низ мутаносибан 217 ва 210 ҳазор имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намуда, имрӯз варақаҳоро ба КМИР пешниҳод мекунанд.

Ба гуфтаи раиси Дастгоҳи КМИР ҶТ Абдуманнон Додоев, имрӯзҳо Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар реҷаи шабонарӯзӣ фаъолият дошта, варақаҳои имзои ба ҷонибдории номзадҳои пешбаришуда ба мақоми президентиро мавриди санҷиш қарор додааст.

Нимаи имрӯз номзади нахуст ба мансаби президентӣ – сарвари давлати амалкунандаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ба қайд гирифта мешавад, ки ба ҷонибориаш 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуд.

Ҳамчунин яке аз нахустинҳо шуда номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев ва аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ профессор Олимҷон Бобоев низ миқдори зарурии имзоҳоро ҷаъоварӣ намуда, ба КМИР пешниҳод карданд.

Феълан ягона номзаде, ки ба ҷонибориаш миқдори зарурии имзоҳо ҷамъоварӣ нашудааст, номзади пешбаришуда аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Назарова боқӣ мемонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки номзадии ӯро ду ҳизб ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шомил ба ИНИТ дастгирӣ намуданд. То субҳи рӯзи сешанбе ба ҷонибдории номзадии Ойниҳол Бобоназарова беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шуда буд.

spot_imgspot_img

Популярное