Ҷониби ҳимояи соҳибкор Зайд Саидов дар мурофиаи судии оянда ният дорад, ки аз суд дар бораи ба мурофиа ҷалб намудани ёвари президенти Русия Владислав Сурков ба сифати шоҳид дархост пешниҳод намояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати соҳибкор Шуҳрат Қудратов хабар дод.
Ба гуфтаи Қудратов, номи Сурков дар баёноти яке аз иштирокчиёни мурофиа – шаҳрванди Украина садо дод, ки ӯ ҳанӯз рӯзи 27-уми сентябр зимни мурофиа аз рӯи моддаи 247 КҶ ҶТ (Қаалобӣ ба миқдори калон) изҳор карда буд.
«Ба тасдиқи шаҳрванди Украина, Сурков шоҳиди он будааст, ки чӣ гуна ӯ ба Зайд Саидов беш аз 1 млн. доллари ИМА маблағро додааст», – гуфт адвокат.
Бино ба иттилои чанде аз ВАО-и Тоҷикистон, ин ҳодиса дар бӯстонсарои Владислав Сурков ба вуқӯъ пайвастааст.
Қаблан Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи ҳолатҳои нави марбут ба парвандаи ҷиноии Зайд Саидов
як иттилоияи расмӣ
пахш намуда буд. Дар он зикр гардида буд, ки аввалҳои соли 2011 дар Федератсияи Россия дар шаҳри Москва бо мақсади қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, такроран, ба миқдори махсусан калон бо шаҳрванди Украина Корецкий Иван Владимирович шинос шуда ба охирин худро ҳамчун тоҷир вобаста ба сохтмонҳои бузург дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ин роҳ ба боварии Корецкий И.В. даромад.
Минбаъд Саидов Зайд бо суиистифода аз боварии Корецкий И.В.моҳи майи соли 2012 дар шаҳри Москва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр аз Корецкий И.В. маблағи 1070000 (як миллиону ҳафтод ҳазор) доллари амрикоиро гӯё ба сифати қарз гирифт.
Баъдан моҳи декабри соли 2012 Саидов З.Ш. аз маблағи 1070000 доллари амрикоии гирифтааш, маблағи 300000 (сесад ҳазор) доллари ИМА-ро ба Корецкий И.В. дар шаҳри Москва баргардонида боқимонда 770000 доллари амрикоиро тассаруф намуда, онро ба манфиатҳои шахсии худаш сарф намуд. Дар натиҷа Саидов З.Ш. бо чунин ҳаракатҳои ғайриқонунии худ ба шаҳрванди Украина Корецкий И.В. зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон расонид.
Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.
Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.







