Ҳаҷми истеҳсоли шабонарӯзии барқ дар Тоҷикистон 5 млн. кВт/соат афзуд

Айни замон дар низоми энергетикии Тоҷикистон дар як шабонарӯз 39 млн. 912 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба нимаи моҳи октябри соли гузашта 5 млн. кВт/соат зиёдтар аст. Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки аз ин ҳаҷм шабонарӯзӣ 38 млн. 432 ҳазор […]

Заррина Эргашева


Айни замон дар низоми энергетикии Тоҷикистон дар як шабонарӯз 39 млн. 912 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда мешавад, ки нисбат ба нимаи моҳи октябри соли гузашта 5 млн. кВт/соат зиёдтар аст.

Аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки аз ин ҳаҷм шабонарӯзӣ 38 млн. 432 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ дар дохили Тоҷикистон истифода шуда, 1 млн. 480 ҳазор кВт/соат ба Афғонистону Қирғизистон содирот мегардад, ки аз ин миқдор 1 млн. 312 ҳазор кВт/соат нерӯи барқ тариқи хатти интиқоли Сангтӯда-Пули Хумрӣ ба Афғонистон интиқол дода мешавад.

Дар Вазорат зикр карданд, ки шояд аллакай аз моҳи ноябр содироти нерӯи барқ ба охир расад, зеро дар ин вақт коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ аз эҳтимол дур нест. «Айни замон истеҳсоли нерӯи барқ аз ҳисоби маҷрои об амалӣ шуда, сатҳи об дар обанбори Норак дар сатҳи 910 метр (сатҳи ниҳоӣ) қарор дорад, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли гузашта дар ҳамин сана 58 см баландтар аст», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, маҷрои воридоти об ба обанбори Норак 462 метри мукааб дар як сонияро ташкил дода, ба хароҷоти об барои истеҳсоли нерӯи барқ мутобиқ аст. «Чун ба истеҳсоли барқ аз ҳисоби оби захирашудаи обанбор оғоз кардем, содироти нерӯи барқ ба хориҷи кишвар қатъ мегардад. Таври маълум, Тоҷикистон ба Афғонистону Қирғизистон ҳаҷми зиёдатии барқро интиқол медиҳад», – гуфт манбаъ.

Дар Вазорат бар ин назаранд, ки бо имконпазир будани афзоиши ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар моҳҳои ноябр-декабр аз ҳисоби ба истифода додани навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва агрегати дуюми нерӯгоҳи Сангтӯда-2, имсол шояд реҷаи маҳдудияти истифодаи барқ нисбат ба солҳои пешин сабуктар гардад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.