Сабти 2153 қонуншикании гумрукӣ дар Суғд аз оғози соли равон

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар вилояти Суғд 2153 адад қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуданд. Бино ба маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шумори аз ҳама бештари ин ҳодисаҳои қонуншиканиҳои гумрукӣ дар шуъбаҳои гумруки ноҳияҳои Спитамен – 398 ҳодиса, Мастчоҳ – 162 ҳодиса, Ҷаббор Расулов – 127 ҳодиса ва шаҳри […]

Мавлуда Рафиева


Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар вилояти Суғд 2153 адад қонуншиканиҳои гумрукӣ ба қайд гирифта шуданд.

Бино ба маълумоти Сарраёсати Агентии омори назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, шумори аз ҳама бештари ин ҳодисаҳои қонуншиканиҳои гумрукӣ дар шуъбаҳои гумруки ноҳияҳои Спитамен – 398 ҳодиса, Мастчоҳ – 162 ҳодиса, Ҷаббор Расулов – 127 ҳодиса ва шаҳри Хуҷанд – 282 ҳодиса сабт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, барои содир гардидани ин қонуншиканиҳо 7 парвандаи ҷиноӣ, барои қочоқи маводи мухаддир – 4 ва қочоқи маҳслуоти ниёзи мардум – 2 парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра дар маҷмӯъ оид ба қонуншиканиҳои маъмурӣ 2146 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1% бештар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми умумии ҷаримабандӣ ва маблағи аз ҷарима ситонидашуда дар ин давра 2364,4 ҳазор сомонӣ ё худ 100%-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷрои нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.