«Зиёин алайҳи Тутубалина»: Мурофиа ба таъхир гузошта шуд

Мурофиаи судии пешакӣ оид баррасии даъвои як қатор иттиҳодияҳои эҷодӣ ва шахсони ҷудогона нисбати ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубулина бинобар сабаби ба мурофиа ҳозир нашудани даъвогарон – раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева ва шоир Ҳикмат Раҳматов мавқуф гузошта шуд. Дар […]

ASIA-Plus


Мурофиаи судии пешакӣ оид баррасии даъвои як қатор иттиҳодияҳои эҷодӣ ва шахсони ҷудогона нисбати ҳафтавори «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубулина бинобар сабаби ба мурофиа ҳозир нашудани даъвогарон – раиси Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ, президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, корманди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Дилбар Абдиева ва шоир Ҳикмат Раҳматов мавқуф гузошта шуд.

Дар шарҳи сабаби ба мурофиаи ҳозир нашудани даъвогарон намояндаи онҳо Рустам Устобоев изҳор намуд, ки тибқи қонун онҳо уҳдадор нестанд, ки ба мурофиа ҳозир шаванд.

Ёдрас мекунем, ки дар робита ба нашри мавод дар ҳафтавори «Азия-Плюс»

«Ғайризиёиёна дар бораи зиёиён» (Неинтелегентно об интеллигенции)

аз ҷониби муҳаррир даъвогарон аз суд дархост кардаанд, ки газетаи «Азия-Плюс» ва муаллифи матлаб  Олга Тутубалинаро ба инкори маълумоти пастзанадаи шаъну эътибор, маъзарат хостан барои нашри матлаб, таъини ташхиси судии лингвистӣ,  рӯёнидани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 200 ҳазор сомонӣ аз газета ва муаллифи матлаб барои зарари маънавӣ ва ҳабси амволи манқул ва ғайриманқули Олга Тутубалина уҳдадор созад.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи даъвогарон Устобоев изҳор медорад, ки панҷ иттиҳодияи эҷодӣ танҳо хостори узр пурсидани муаллифанд.

Дар

мурофиаи судии рӯзи 26-уми августи

соли ҷорӣ ҳимоятгарони ҷониби ҷавобгар эътироз оварданд, ки даъвои пешниҳодшуда беасос ва поймолкунандаи ҳуқуқ мебошад. Дар эътироз зикр гардида буд, ки бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ Тутубалина назари интиқодии худро изҳор намуд, ки дар он манфиатҳои тамоми зиёиён дар назар дошта нашудааст. Ғайр аз ин, ба масъулияти шаҳрвандиву ҳуқуқӣ ҷалб кардани журналист барои интиқод тибқи Конуститусияи Тоҷикистон, Қонун дар бораи ВАО ва матбуоти даврӣ, Муоҳадаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ қатъиян манъ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.