Се соли минбаъда Тоҷикистон 371,6 млн. $ қарзи хориҷӣ дарёфт карданист

Вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Барномаи қарзи давлатии хориҷӣ барои солҳои 2014-2016-ро маъқул шумориданд. Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки Барнома пеш аз ҳама ба рушди бахши кишоварзӣ, энергетика ва соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст. Ба […]

Аваз Юлдошев


Вакилони палатаи поёнии парлумон лоиҳаи аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшудаи Барномаи қарзи давлатии хориҷӣ барои солҳои 2014-2016-ро маъқул шумориданд.

Зимни шарҳи ин масъала ба вакилон дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вазири молияи ҶТ Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор намуд, ки Барнома пеш аз ҳама ба рушди бахши кишоварзӣ, энергетика ва соҳаи иҷтимоӣ нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи вазир, соли оянда ҳукумати ҷумҳурӣ ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми 168,2 млн. $, соли 2015 – 127,7 млн. $ ва соли 2016 – 81,7 млн. $ қарзи хориҷӣ ҷалб карданист, ки тӯли се соли оянда дар маҷмӯъ 371,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Вазир қайд кард, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои ҷалбшуда 48 млн. $ ба рушди бахши кишоварзӣ, 19,8 млн. $ ба соҳаи тандурустӣ, 15,1 млн. $ ба соҳаи маориф, 115 млн. $ ба рушди бахши энергетика ва 47 млн. $ ба соҳаи нақлиёту коммуникатсия равона хоҳад шуд. «Ҳамаи қарзҳо бо шартҳои имтиёзнок пешниҳод хоҳанд шуд», – таъкид дошт ӯ.

Ғайр аз ин, ба қавли Наҷмиддинов, давоми солҳои 2014-2016 ҳукумат аз ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ ва кишварҳои ҷудогона ба маблағи 642 млн. $ бурсҳо дастрас карданист.

Вазири молия зикр кард, ки айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, қарздиҳандагони асосӣ ба Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Эксимбонки Чин мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Кулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.