Боздиди нозирони САҲА аз қароргоҳи марказии ҲХДТ

Муовини якуми раиси ҲХДТ,  сардори ситоди марказии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ Сафар Сафаров сардори намояндагии нозирони интихоботи президенти Тоҷикистон аз САҲА ва намояндагони гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) таҳти сарварии сафир Параскива Бадеску ва таҳлилгари масоили сиёсии созмонҳои номбурда Павел Гантарро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт. […]

ASIA-Plus


Муовини якуми раиси ҲХДТ,  сардори ситоди марказии номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон аз ҲХДТ Сафар Сафаров сардори намояндагии нозирони интихоботи президенти Тоҷикистон аз САҲА ва намояндагони гурӯҳи нозирони Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (ДИДХБ) таҳти сарварии сафир Параскива Бадеску ва таҳлилгари масоили сиёсии созмонҳои номбурда Павел Гантарро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар оғози суҳбат С. Сафаров меҳмононро бо фаъолияти вусъатбори ҲхДТ, нуфузи афзояндаи он дар ҷомеа,  дастовардҳои Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият, равобити ҷумҳурӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, маъракаи дарпешистодаи интихоботи президенти мамлакат, чорабиниҳои ҳизбӣ ба шумули Анҷумани Х1-и ҲХДТ, пешниҳод шудани номзади ягона ба мансаби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва якдилона дастгирӣ ёфтани ӯ, ҳамчунин ҳамкориҳои ҳизб бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳзоби дигари сиёсӣ маълумот дод

«Сафаров таъкид намуд, ки баргузории интихоботи демократӣ ва шаффофу озодро арвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз зимни сафараш ба Аврупо кафолат дода буд. Мо мутмаин ҳастем, ки интихоботи мо ба таври демократӣ ва бидуни нақзи муқаррароти қонун мегузарад», – гуфт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, хонум Параскива Бадеску дар бораи миссияи кўтоҳмудату дарозмуҳлати нозирони САҲА ва ДИДХБ, ки аввалиҳо вориди Тоҷикистон шудаанд,  маълумоти мухтасар дода, ба масъалаи ба таври алтернативӣ гузаштани интихобот, рафти омодагии аҳзоби сиёсӣ, имкониятҳои молиявии аҳзоб ва хазинаи таблиғотии онҳо, вазъи сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва минтақа мароқ зоҳир намуд.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он беш аз 230 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.