Таваҷҷуҳи Литва ба воридоти хушкмева ва сабзавот аз Тоҷикистон

Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода имрӯз бо сафири Литва дар Тоҷикистон Рокас Бертонас мулоқот анҷом дод. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёни парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот О.Салимзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Литва дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, […]

ASIA-Plus


Раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба масоили байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода имрӯз бо сафири Литва дар Тоҷикистон Рокас Бертонас мулоқот анҷом дод.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёни парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, зимни мулоқот О.Салимзода изҳор намуд, ки Тоҷикистон ба рушди муносибатҳо бо Литва дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сайёҳӣ, энергетика ва нақлиёт манфиатдор буда, изҳори боварӣ кард, ки зимни дар раёсати кунунии Иттиҳоди Аврупо қарор доштани Литва муносибатҳои Тоҷикистон бо ин иттиҳод ба сатҳи сифатан баландтар мерасанд.

Ба қавли Султонов, дипломати Литва низ манфиатдории кишвараш ба воридоти хушкмева ва сабзавот аз Тоҷикистонро изҳор намудаааст. «Сафир Бертонас таъкид дошт, ки дар ҳолати аз сертификати ҳатмӣ гузаштани сабзавоту меваи Тоҷикистон, Литва дар содироти онҳо ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон мусоидат карда метавонад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.