Ивази тақвими чемпионати футбол бинобар сабаби сафари президент ба Кӯлоб

Вохӯрии давраи 8-уми Чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва КМВА «Помир»-и Душанбе, ки бояд имрӯз, 26-уми сентябр доир мегардид, ба санаи 7-уми ноябр гузаронида шуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, бинобар сабаби аз 26 то 30-юми октябр дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шудани чорабиниҳои давлатӣ […]

ASIA-Plus


Вохӯрии давраи 8-уми Чемпионати футболи Лигаи олии мамлакат миёни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва КМВА «Помир»-и Душанбе, ки бояд имрӯз, 26-уми сентябр доир мегардид, ба санаи 7-уми ноябр гузаронида шуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсии футболи Тоҷикистон, бинобар сабаби аз 26 то 30-юми октябр дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баргузор шудани чорабиниҳои давлатӣ бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, Бюрои Кумитаи иҷроияи ФФТ Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якчанд вохӯриҳо миёни дастаҳои лигаи олиро ба вақти дигар мавқуф гузорад.

Ҳамин тариқ, ба иттилои манбаъ, вохӯрии «Равшан» – КМВА «Помир» аз санаи 26 октябр ба 7 ноябр, «Хуҷанд» (Хуҷанд) – КМВА «Помир» аз 9 ба 10 уми ноябр ва «Равшан» – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) аз 9 ба 10 ноябр гузаронида шуданд.

Ҳамчунин вохӯрии лигаи аввали чемпионат миёни дастаҳои «Ҳулбук» – ДСРТ аз санаи 25 октябр ба 4 ноябр мавқуф гузошта шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.