Зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд рӯзи 26-уми октябр нахуствазири кишвар Оқил Оқилов бо ҷараёни корҳои таъмиру азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент шинос шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти сварвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод, нахуствазир аз суръати корҳо дар ин роҳ изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки то ахири сол шумори техника ва коргарон дар ин иншоот зиёд карда шавад.
«Айни замон барои корҳои таъмиру азнавсозӣ дар иншооти мазкур 189 адад техника ва беш аз 580 нафар коргарон сафарбар шудаанд, ки 300 нафарашон мутахассисони маҳаллӣ ва боқимонда коргарони Чин мебошанд», – иброз дошт ӯ.
Қобили зикр аст, ки ба корҳои таъмиру азнавсозӣ дар роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент ахири моҳи октябри соли 2012 президенти кишвар ҳусни оғоз бахшида буд. Умуман дар доираи ин лоҳа беш аз 170 километр роҳҳои мошинград таъмиру азнавсозӣ гардида, 31 адад пулҳо таъмиру бунёд мешаванд. Маблағи умумии лоиҳа 140 млн. доллари ИМА арзёбӣ шуда, 100 млн. аз ҷониби Бонки осиёгии рушд ба сифати бурс ва боқимонда аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.



