Қарзи «Барқи тоҷик» ба Сангтӯда-1 беш аз 81 млн. $ аст

ҶСК «Сангтӯда-1» мавсими кори баҳору тобистонро муваффақона ҷамъбаст намуда, истеҳсоли нерӯи барқро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 29% зиёд кард. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Сангтӯда-1» тӯли моҳҳои апрел -сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ 871,4 млн. кВт/соат (ҳамин давраи соли гузашта 675,8 млн. кВт/соат) ва нишондиҳадаи миёнаи истеҳсоли […]

ASIA-Plus


ҶСК «Сангтӯда-1» мавсими кори баҳору тобистонро муваффақона ҷамъбаст намуда, истеҳсоли нерӯи барқро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 29% зиёд кард.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ҶСК «Сангтӯда-1» тӯли моҳҳои апрел -сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли барқ дар нерӯгоҳ 871,4 млн. кВт/соат (ҳамин давраи соли гузашта 675,8 млн. кВт/соат) ва нишондиҳадаи миёнаи истеҳсоли шабонарӯзӣ дар ин давра ҳудуди 4,8 млн. кВт/соатро ташкил дода, дар ин нерӯгоҳ дар маҷмӯъ аз оғози фаъолият беш аз 10 млрд. кВт/соат барқ истеҳсол шудааст.

Ба иттилои манбаъ, вазъи пардохти қарз ба корхона аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳамоно мушкил боқӣ монда, ба санаи 1-уми октябр ҳаҷми он ба беш аз 388 млн. сомонӣ (81,4 млн. $) баробар аст.

«Ширкати «Барқи тоҷик ҳар моҳ ба нерӯгоҳ 10 млн. сомонӣ мабалғ интиқол медиҳад, ки ҳарчанд комилан ба хароҷоти ҷорӣ бааснда набошад ҳам, ба таъмини талаботи аввалиндараҷа, аз ҷумла харидани маводи сӯхт, мавод барои таъмини истеҳсолот, қисмҳои эҳтиётӣ ва пардохти музди меҳнат ба ҳайати шахсӣ имкон медиҳад», – гуфтанд дар нерӯгоҳ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.