Пазируфтани 11 субъект ба Феҳристи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

Дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа аризаи 19 субъекти соҳибкорие, ки барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар […]

ASIA-Plus


Дар толори хурди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баргузор гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар ҷаласа аризаи 19 субъекти соҳибкорие, ки барои гирифтани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ ба Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ муроҷиат кардаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии муроҷиати субъектҳои соҳибкорӣ дар ҷаласа, Комиссияи давлатӣ дар хусуси ба 11 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ додани Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ қарорҳои дахлдор қабул кард ва субъектҳои соҳибкории мазкур аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ворид карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки аризаи 8 субъекти соҳибкорӣ бинобар сабаби ба қонунгузории моратория мутобиқ набудан рад карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.