Дар робита ба ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ, аз имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути ин телефонҳо истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд.
Ҳар нафаре аз истеъмолгарони барқ метавонад тариқи телефонҳои 235 86 74; 235 86 84; 610 60 50 занг зада, дар бораи вазъи таъмини барқ дар ин ё он минтақа, аз ҷумла риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят кунад.
«Ба ҳар кадоме аз шикояти асоснок чорабиниҳои таъҷилӣ андешида хоҳанд шуд», – итминон дод ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ.
Ӯ зикр кард, ки тариқи телефонҳои боварӣ истифодабарандагон ҳамчунин метавонанд ширкатро аз пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, истифодаи ғайриқонунии барқ, муносибати дағалонаи нозирон ба онҳо низ огоҳ намоянд.
«Ҳамаи маълумоти воридшуда тавассути телефонҳои боварӣ сабт шуда, ҳар ҳафта дар ҳузури раиси ширкати «Барқи тоҷик» аз он натиҷагирӣ ва шахсони гунаҳкор муҷозот мешаванд», – афзуд сухангӯи ширкат.
Ёдрас мекунем, ки аз 26-уми март дар тамоми манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мутобиқи ин реҷа, аз ин ба баъд аз соати 23:00 то 5:00-субҳ интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.



