Телефонҳои боварии «Барқи тоҷик» фаъолтар шуданд

Дар робита ба ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ, аз имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути ин телефонҳо истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд. Ҳар нафаре аз истеъмолгарони барқ метавонад тариқи телефонҳои 235 86 74; 235 86 84; 610 60 50 занг зада, дар бораи […]

Аваз Юлдошев


Дар робита ба ҷорӣ гардидани реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар манотиқи ҷумҳурӣ, аз имрӯз ширкати «Барқи тоҷик» кори телефонҳои боварии шабонарӯзиро ҷонноктар кард. Тавассути ин телефонҳо истеъмолгарони барқ метавонанд ба саволҳои худ посух дарёбанд.

Ҳар нафаре аз истеъмолгарони барқ метавонад тариқи телефонҳои 235 86 74; 235 86 84; 610 60 50 занг зада, дар бораи вазъи таъмини барқ дар ин ё он минтақа, аз ҷумла риоя нашудани реҷаи интиқоли барқ шикоят кунад.

«Ба ҳар кадоме аз шикояти асоснок чорабиниҳои таъҷилӣ андешида хоҳанд шуд», – итминон дод ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ.

Ӯ зикр кард, ки тариқи телефонҳои боварӣ истифодабарандагон ҳамчунин метавонанд ширкатро аз пайвасти ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, истифодаи ғайриқонунии барқ, муносибати дағалонаи нозирон ба онҳо низ огоҳ намоянд.

«Ҳамаи маълумоти воридшуда тавассути телефонҳои боварӣ сабт шуда, ҳар ҳафта дар ҳузури раиси ширкати «Барқи тоҷик» аз он натиҷагирӣ ва шахсони гунаҳкор муҷозот мешаванд», – афзуд сухангӯи ширкат.

Ёдрас мекунем, ки аз 26-уми март дар тамоми манотиқи Тоҷикистон реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ гардид. Мутобиқи ин реҷа, аз ин ба баъд аз соати 23:00 то 5:00-субҳ интиқоли барқ ба минтақаҳои ҷумҳурӣ қатъ карда мешавад. Реҷаи маҳдуди истифода барқ ба пойтахт, шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Турсунзода ва Чкаловск дахл нахоҳад дошт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.