Даъвати Шветсия ба ҳамкорӣ дар бахшҳои маорифу тандурустӣ

Рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аке Петерсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Питер Семнеби, Консули фахрии Шветсия дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев низ ширкат варзиданд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 29 октябри соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аке Петерсонро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Питер Семнеби, Консули фахрии Шветсия дар Тоҷикистон Озодхон Давлатшоев низ ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуда, роҷеъ ба вазъият дар Афғонистон бо дарназардошти интихоботи президентии дарпешистода, инчунин ҳуруҷи қувваҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон дар соли 2014 мубодилаи афкор намуданд. Вазири корҳои хориҷӣ қайд намуд, ки Тоҷикистон ва Шветсия на танҳо дар сатҳи дуҷониба, балки дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ менамоянд.

Ҳамзамон қайд гардид, ки иқтидори бузурги ҳамкорӣ байни ду давлат вуҷуд дорад ва айни замон аз имкониятҳои он пурра истифода бурда намешавад. Соҳаҳои эҳтимоли ҳамкории байни давлатҳо ин соҳаи маориф, тандурустӣ, рушди энергетикаи обӣ ва амнияти сарҳадӣ мебошанд.

Дар навбати худ, Аке Петерсон ба Вазири корҳои хориҷӣ роҷеъ ба тасмими Шоҳигарии Шветсия барои тақвияти ҳузури хеш дар барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ва САҲА, ки ба барқарорсозии Афғонистон пас аз хуруҷи нерӯҳои коалитсионӣ дар соли 2014 равона карда шудаанд, маълумот дод. Фаъолияти мазкур ба рушди муносибатҳо байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шоҳигарии Шветсия мусоидат хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.