Дар Кӯлоб моҳи январи соли оянда нерӯгоҳи хурди барқӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт

Кӯлоб. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Кӯлобдеҳсохтмон» бунёди канали обпартои нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар маҳаллаи канори шаҳри Кӯлобро ба анҷом расониданд. Раиси ҷамъияти саҳомӣ Бобоҷон Пираков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар тендери сохтмон ва ба истифода додани он ҷамъият ғолиб дониста шуда, иқтидори нерӯгоҳ 250 кВт аст, […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 2-юми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии кушоди «Кӯлобдеҳсохтмон» бунёди канали обпартои нерӯгоҳи хурди обиву барқӣ дар маҳаллаи канори шаҳри Кӯлобро ба анҷом расониданд.




Раиси ҷамъияти саҳомӣ Бобоҷон Пираков ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки дар тендери сохтмон ва ба истифода додани он ҷамъият ғолиб дониста шуда, иқтидори нерӯгоҳ 250 кВт аст, ки он на танҳо маҳаллаҳои аҳолинишин, балки корхонаҳои саноатиро низ бо нерӯи барқ таъмин хоҳад кард.



«Сохтмони нерӯгоҳ аз ҷониби Маркази сохтмони нерӯгоҳҳои хурди обиву барқии

 

ҷумҳурӣ дар назди вазорати энергетика ва саноати кишвар маблағгузорӣ карда мешавад», – гуфт Б.Пираков ва афзуд, ки арзиши лоиҳавии иншоот 250 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.



Б.Пираков мутмаин аст, ки моҳи январи соли 2009 нерӯгоҳи хурд ба истеҳсоли барқ шурӯъ хоҳад кард. «Мутахассисони мо барои овардани таҷҳизоти нерӯгоҳ рӯзҳои наздик озими Чин мешаванд ва то насби онҳо бунёди боз як каналро ба итмом расонидан зарур аст», – гуфт ӯ дар анҷом.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.