Заварзин: Ифтихор дорам, ки дар Тоҷикистон дигар тирпаррониву одамкушӣ нест

Вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби «Единая Россия», полковники мустаъфӣ дар ҳайати нозирони ИДМ Виктор Заварзин зимни брифинг аз таассуроти мусбати худ нисбати интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард. Номбурда зикр кард, ки «ман фармондеҳи охирини Нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон будам, ки он замон созишномаи сулҳ ба имзо расид ва шояд […]

asia+, asia+


Вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби «Единая Россия», полковники мустаъфӣ дар ҳайати нозирони ИДМ Виктор Заварзин зимни брифинг аз таассуроти мусбати худ нисбати интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ибрози андеша кард.

Номбурда зикр кард, ки «ман фармондеҳи охирини Нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи ИДМ дар Тоҷикистон будам, ки он замон созишномаи сулҳ ба имзо расид ва шояд каме бо эҳсос бошад ҳам, ошкоро мегӯям, ки аз ин кишвар ифтихор дорам, ки дигар ин ҷо тирпаррониву одамкушӣ нест ва мардум хушу хуррамона зиндагӣ доранд».

«Ба чашмони тоҷикон дида дӯхта, дарк кардам, ки дар онҳо осори андӯҳу хусумат вуҷуд надорад ва ин дастоварди хеле ҷиддӣ, пеш аз ҳама комёбии ҳукуматест, ки ин ҷо фаъолият дорад ва шояд дастоварди тамоми паҳнои пасошӯравӣ аст», – гуфт Заварзин.

Ҳайати гурӯҳи нозирони ИДМ изҳори умедворӣ намуданд, ки «сарфи назар аз тамоми мушкилот, Тоҷикистон ба пеш гом мениҳад ва паҳлӯи ӯ дӯстон аз ИДМ қадам мезананд, ки ба паси сар намудани мушкилиҳо кӯмак мекунанд».

Заврзин қайд кард, ки гурӯҳи нозирони ИДМ наметавонад бигӯяд, ки интихобот дар Тоҷикистон ғайриқаонатбахш баргузор шуд. «Ин ҷо намояндагони тамоми аҳзоби сиёсии Русия, аз ҷумла ҳизбҳои мухолиф низ иштирок доштанд ва наметавон гуфт, ки «камбудиҳо вуҷуд надоштанд, балки камбудиҳои начандон назаррасеро мушоҳида кардем, ки ба тасҳеҳ ниёз доранд, вале камбудиҳои ҷиддӣ ё мухолифатҳои низмоӣ ҷой надоштанд», – зикр кард ӯ.

«Аз ҷониби худ гуфта метавонам, ки хулосаҳои гурӯҳи нозирони ИДМ воқеианд. Русия ба Тоҷикистон дар ҳама самтҳо, аз ҷумла масоили таҳияи қонунгузорӣ дар бораи интихобот низ кумак хоҳад кард», – афзуд Заварзин.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.