Сарфи назар аз дастовардҳои ширкати «Помир Энерҷи» дар самти беҳбуди таъминот бо барқ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, ба ҳар ҳол ширкат ба як қатор мушкилот мувоҷеҳ аст.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкат, барои беҳбуди минбаъдаи таъминоти ноҳияҳои минтақа бо барқ тақвияти сохтмони хатти интиқоли барқи 110 кВ ба самти ноҳияҳои поён аз Хоруғ, маҳз ба самти Рӯшону Ванҷу Дарвоз ва ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб зарур аст.
Ғайр аз ин, бо тадриҷан беҳтар шудани вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ талабот ба нерӯи барқ афзуда, зарурати бунёди иқтидорҳои нави тавлиди барқ пеш меояд. Дигар ин ки аксаари дороиҳои консессионӣ, ки аллакай муддати 40-50 сол кор мекунанд, ба азнавсозии мукаммал ниёз доранд.
Гуфта мешавад, барои иҷрои ин вазифаҳо воситаҳо лозим буда, ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳо бо ин мақсад ширкатро зарур аст, ки шароитҳои дахлдор фароҳам оварад, чунки сарфи назар аз комёбиҳо дар бахшҳои техникиву хизматгузорӣ, вазъи молиявии ширкати «Помир Энерҷи» беҳбудӣ металабад ва барои ҳалли ин масъалаҳо ширкат пеш аз ҳама ба имконоти шарикии давлативу-хусусӣ умедвор аст.
Қобили зикр аст, ки истифодаи ҳадди ниҳоии имконоти шарикии давлативу хусусӣ ба «Помир Энерҷи» имкон дод, ки таъминот бо барқ дар Хоруғ ва ноҳияҳои наздики он – Шуғнон, Роштқалъа, қисмате аз Рӯшон ва Ишкошим (74%-и истеъмолгарони барқи ВМКБ)-ро то ба 24 соат бирасонад.



