Amnesty International Раҳмонро ба эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон даъват кард

Ба муносибати бори навбатӣ ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Афви Байнулмилал аз президенти тозаинтихоб даъват ба амал овард, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта, онро ҳамаҷониба ҳимоя кунад. Рӯзи 8-уми ноябр Amnesty International «Меморандум барои президенти тозаинтихоби Тоҷикистон: эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон»-ро интишор […]

ASIA-Plus


Ба муносибати бори навбатӣ ба мансаби президенти Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон, Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Афви Байнулмилал аз президенти тозаинтихоб даъват ба амал овард, ки ба ҳуқуқи инсон эҳтиром гузошта, онро ҳамаҷониба ҳимоя кунад.

Рӯзи 8-уми ноябр Amnesty International «Меморандум барои президенти тозаинтихоби Тоҷикистон: эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқи инсон»-ро интишор намуд, ки дар он доир ба зарурати хотима бахшидан ба қонуншиканиҳои густарда нисбати ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва аз муҷозот дур мондани шахсони гунаҳкор, тағйири қонун, таҷриба ва анъанаҳое, ки барои нақзи ҳуқуқи инсон шароиту ҳавасмандӣ фароҳам меоваранд, сухан меравад.

Дар матни муроҷиати кушоди ин созмон зикр мегардад, ки «президенти тозаинтихоб бояд ба ҷараёни ислоҳот дар бахши ҳуқуқи инсон дар кишвар, аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба ислоҳот дар низоми адолати судии ҷиноӣ ва эҳтироми ҳуқуқ ба озодии баён роҳбарӣ кунад».

Дар меморандум ба мушкилоти асосии риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла аз муҷозот дур мондани шахсони гунаҳкор ба истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона, аз имконот маҳрум будани адвокатҳо ҷиҳати иҷрои пурсамари вазифаҳои худ дар мурофиаҳои парвандаҳои ҷиноӣ, коргирӣ аз таъқибу таҳдид нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидони ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон, истифодаи шиканҷаву кирдори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ, қобилият надоштан ба тафтиши маълумоти боэътимод дар бораи ҳалокати мардуми осоишта дар рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ва танг кардани фазову муҳит барои фаъолияти сиёсӣ ишора мешавад.

Дар фарҷоми меморандум ба президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар фаъолияти минбаъда таъмини имзо ва тасдиқи Протоколи факултативӣ ба Конвенсия зидди шиканҷа ва ташкили низоми мустақили мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ мутобиқи протокол, андешидани тадбирҳо оид ба мубориза бо аз муҷозот берун мондани афроди муттаҳам, таъмини сарнивақтии боздоштшудагон бо адвокат, хотима бахшидан ба таъқибу муҷозот нисбати ҷабридидагону шоҳидон, анҷоми тафтиши дақиқ ва беғаразонаи ҳодисаҳои ҳалокати мардуми осоишта дар рӯйдодҳои соли 2012-и Хоруғ ва таъмини амалисозии ҳуқуқ ба озодии баён тавсия дода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.