Ифтитоҳи бинои нави филиали «Амонатбонк» дар Бохтар

Date:


Дар ҷараёни сафари кории раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова ба навоҳии вилояти Хатлон ӯ дар маросимии ифтитоҳи бинои наву замонавии филиали ноҳияи Бохтар иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БДА «Амонатболнк», Гулнора Ҳасанова пас аз шиносоӣ  бо утоқҳои кории бинои тозабунёд ва шароити хуб барои кормандон ва мизоҷони Бонк изҳори қаноатмандӣ намуда ба кормандони филиал таъкид намуданд, ки меҳнати софдилона ба корафтодагон ва хизмарасонии олӣ эътимоду боварии мардумро ба Бонк бештар мегардонад. 

Ба иттилои манбаъ, дар анҷоми боздид дар саҳни филиал ба 100 нафар нафақагирон-пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат дастурхони идона ороста кумакҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Гуфта мешавад, дар ин рӯз  нафақагирони ноҳияи Бохтар  соҳиби кортҳои Бонкии «корти миллӣ» шуданд, ки ин навгонӣ ҳам барои нафақагирон ва ҳам барои аз байн бурдани муомилоти нақдии пул дар кишвар қадами устувор аст.  Аз ин баъд 15 ҳазору 327 нафар нафақагирони ноҳияи Бохтар   нафақапулии худро тариқи кортҳои миллӣ  дастрас менамоянд. 

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то ба имрӯз шумораи умумии дорандагони кортҳои бонкии БДА ҶТ “Амонатбонк” 312 ҳазору 512 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин  277 ҳазору 788 нафарашон нафақагирон мебошанд.   То ба имрӯз Амонатбонк бо 510 корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ оиди пардохтҳо тариқи кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст ва ба муштариёни  Амонатбонк 257 таҷҳизоти ПОС-терминал ва 61 банкомат дар 20 ноҳияи ҷумҳурӣ хизмат мерасонад, ки ин кори дорандагони кортҳои бонкии Амонатбонкро қулай ва осон мегардонад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...