Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намуд

Date:


Дар маҷмааи «Кохи Сомон»-и пойтахт, дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон даст рӯи Конститутсия гузошта, савганд ёд кард: «Ба сифати президент ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафолати таъмини ҳуқуқ, озодиҳо, виҷдон ва шаъну эътибори шаҳрвандон, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба мардум савганд ёд мекунам».

Зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр баргузоршуда бори дигар ваҳдати мардуми кишвар, устуворӣ дар ҷомеа, сулҳу созиш дар сарзамини тоҷиконро собит намуд.

«Ба тамоми мардуми тоҷик барои эътимоди баланд муҳаббати фарзандӣ ва миннатдорӣ изҳор намуда, масъулияти худ дар назди кишвару мардумро ба хубӣ дарк мекунам», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

«Ба номи поки Худо, ба ҷони ҳашт миллион нафар сокинони кишвар савганд ёд мекунам, ки тамоми нерӯву дониши худро баҳри некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ равона месозам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки ҳанӯз соли 1992 ба садоқат ба мардуму кишвари худ савганд ёд карда будам ва ин савгандро нашикастааам. Агар зарур ояд, ҳозирам барои мардум ва кишвари худ ҷонамро дареғ созам», – таъкид дошт президенти тозаинтихоб.

Дар идомаи суханронӣ ӯ қайд кард, ки то соли 2020 даромади воқеии аҳолии кишвар 4 маротиба афзуда, ҷумҳурӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.

Бо зикри дастоварду мушкилоти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки минбаъд низ чун солҳои пешин ҳукумат ба рушди иқтисоди миллӣ, бахши иҷтимоӣ ва таъмини амнияти кишвару мардуми он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...