Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои вазифаи президенти Тоҷикистон шурӯъ намуд

Дар маҷмааи «Кохи Сомон»-и пойтахт, дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон даст рӯи Конститутсия гузошта, савганд ёд кард: «Ба сифати президент ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафолати таъмини ҳуқуқ, озодиҳо, виҷдон ва шаъну эътибори шаҳрвандон, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба мардум савганд ёд […]

ASIA-Plus


Дар маҷмааи «Кохи Сомон»-и пойтахт, дар иҷлосияи муштараки ҳарду палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон даст рӯи Конститутсия гузошта, савганд ёд кард: «Ба сифати президент ба ҳимояи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ, кафолати таъмини ҳуқуқ, озодиҳо, виҷдон ва шаъну эътибори шаҳрвандон, ҳифзи тамомияти арзӣ, истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, хизмати содиқона ба мардум савганд ёд мекунам».

Зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунӣ Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки интихоботи президентии санаи 6-уми ноябр баргузоршуда бори дигар ваҳдати мардуми кишвар, устуворӣ дар ҷомеа, сулҳу созиш дар сарзамини тоҷиконро собит намуд.

«Ба тамоми мардуми тоҷик барои эътимоди баланд муҳаббати фарзандӣ ва миннатдорӣ изҳор намуда, масъулияти худ дар назди кишвару мардумро ба хубӣ дарк мекунам», – иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.

«Ба номи поки Худо, ба ҷони ҳашт миллион нафар сокинони кишвар савганд ёд мекунам, ки тамоми нерӯву дониши худро баҳри некӯаҳволии мардуми ҷумҳурӣ равона месозам. Ман ҳамон Эмомалӣ Раҳмонам, ки ҳанӯз соли 1992 ба садоқат ба мардуму кишвари худ савганд ёд карда будам ва ин савгандро нашикастааам. Агар зарур ояд, ҳозирам барои мардум ва кишвари худ ҷонамро дареғ созам», – таъкид дошт президенти тозаинтихоб.

Дар идомаи суханронӣ ӯ қайд кард, ки то соли 2020 даромади воқеии аҳолии кишвар 4 маротиба афзуда, ҷумҳурӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ноил мегардад.

Бо зикри дастоварду мушкилоти кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуд, ки минбаъд низ чун солҳои пешин ҳукумат ба рушди иқтисоди миллӣ, бахши иҷтимоӣ ва таъмини амнияти кишвару мардуми он таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ