Ҳалокати 50 нафар бар асари садамаи ҳавопаймо дар Қазон

Шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) ба замин бархӯрда, ба таркиш дучор шуд. Сӯхтори сарзада дар ҷойи ҳодиса таъҷилан хомӯш гардид. Бино ба иттилои ВАО-и Русия, дар ҳавопаймо 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра қарор доштанд. Тибқи маълумти пешакӣ, дар ҳавопаймо кӯдакон […]

ASIA-Plus


Шоми рӯзи якшанбе зимни нишаст ба фурудгоҳи байнулмилалии Қазон ҳавопаймои Boeing 737 500 (ширкати ҳавопаймоии Тотористон) ба замин бархӯрда, ба таркиш дучор шуд. Сӯхтори сарзада дар ҷойи ҳодиса таъҷилан хомӯш гардид.

Бино ба иттилои ВАО-и Русия, дар ҳавопаймо 44 нафар мусофирон ва 6 нафар ҳайати техникиву халабонони тайёра қарор доштанд. Тибқи маълумти пешакӣ, дар ҳавопаймо кӯдакон ҳузур надоштаанд.

Хабаргузории РИА Новости бо такя ба як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ медиҳад, ки шояд иштибоҳи халабонон ба ин ҳодиса боис шуда бошад. Дар қатори фарзияҳо омили обуҳаво ва ноқисии техникии ҳавопаймо низ номбар мешаванд. Аз Росгидромет хабар додаанд, ки обуҳаво барои чунин навъи ҳавопаймо мусоид будааст.

ИТАР-ТАСС менависад, президенти Русия Владимир Путин ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати таъҷилан андешидани чораҳои ҷустуҷӯву наҷот ва кӯмак ба осебдидагон супориш додааст. Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба вазири нақлиёт Максим Соколов оид ба таъсис ва таҳти раҳбарӣ гирифтани комисиияи таҳқиқи сабабҳои садама дастур додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.