Рӯзи 14 ноябри соли ҷорӣ дар Қасри Елисей маросими супоридани эътимодномаи сафири Тоҷикистон дар Фаронса Ҳомидҷон Назаров ба президенти Фаронса Франсуа Олланд баргузор гардид.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, баъд аз анҷоми маросим мулоқоти президенти Фаронса бо сафири Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳолатҳои кунунии муносибатҳо, инчунин дурнамои густариши робитаҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун мавриди табодули назар қарор гирифта, масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии минтақа ва Афғонистон баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, инчунин сафири Тоҷикистон Ҳ. Назаров Фаронсаро ҳамчун яке аз шарикҳои боэътимоди худ дар Аврупо унвон намуда, омодагии хешро барои боз ҳам мустаҳкам сохтани ин муносибатҳои дӯстона изҳор намуд.


