Edgo Energy ба ҷустуҷӯи нафту газ дар ҷануби Тоҷикистон оғоз мекунад

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Edgo Energy-и Урдун созишнома дар бораи тақсими маҳсулот ба имзо расид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, созишнома дар доираи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки санаи 4-уми октябри соли равон содир шуда буд, ба тасвиб расид. Тибқи созишнома, ба ширкати […]

ASIA-Plus


Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Edgo Energy-и Урдун созишнома дар бораи тақсими маҳсулот ба имзо расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд, созишнома дар доираи қарори дахлдори ҳукумати ҷумҳурӣ, ки санаи 4-уми октябри соли равон содир шуда буд, ба тасвиб расид.

Тибқи созишнома, ба ширкати Edgo Energy имкон дода мешавад, ки дар майдонҳои ояндадори нафту гази Сурхсимо ва Қарордони вилояти Хатлон корҳои ҷустуҷӯ, кашф ва истихроҷи нафту газро роҳандозӣ намояд.

Қабл аз имзори созишнома мулоқоти вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо раҳбарияти ширкати Edgo Energy баргузор шуда, дар ҷараёни он дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши ҷустуҷӯ, кашф ва истихроҷи нафту газ дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Қобили зикр аст, ки Edgo Energy ширкати мустақили ҷустуҷӯ ва кашфи нафту газ буда, имрӯз дар қаламрави Шарқи Наздик, Африқо ва минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолият дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.