Боздиди ҳайати байниидоравии Русия аз ВКХ Тоҷикистон

Рӯзи 18-уми ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати байниидоравии Федератсияи Русияро бо роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон – Игор Лякин-Фролов ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории […]

ASIA-Plus


Рӯзи 18-уми ноябри соли равон муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов ҳайати байниидоравии Федератсияи Русияро бо роҳбарии сафири ин кишвар дар Тоҷикистон – Игор Лякин-Фролов ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот доир ба вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба мубодилаи афкор сурат гирифта, ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистону Русия дар самти лоиҳаҳои сохторҳои тахассусии СММ, ки бо дастгирии Русия дар Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд, инчунин масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва башардӯстиро муҳокима намуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо аз дастгирии ташаббусҳои ҳамдигар ва ҳамкории қавӣ миёни ду кишвар дар пешбурди ташаббусҳои умумии минтақавӣ дар чаҳорчӯби СММ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушд ва таҳкими муносибатҳои дуҷонибаи ояндаи кишварҳо дар асоси усули шарокати стратегӣ ва мутақобилан судманд сурат мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.