Супориши раиси пойтахт оид ба назорати дегхонаи Ғарбӣ

Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он  бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ масоили мубрами хоҷагидории пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, юо дарназардошти мусоид омадани боду ҳаво, раиси […]

ASIA-Plus


Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев  ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид, ки дар ҷараёни он  бо иштироки масъулини сохторҳои марбутаи шаҳрӣ масоили мубрами хоҷагидории пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, юо дарназардошти мусоид омадани боду ҳаво, раиси шаҳр таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои хизматрасонии коммуналӣ, нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва раисони ноҳияҳои шаҳрро ба санҷиши омодабошӣ ва барориши саривақтии техникаҳои коммуналии барфтозакунандаву намакпошӣ дар роҳҳо ҷалб карда, дастур фармуд, ки ҳолати роҳандозии тадбирҳои озмоишӣ дар таносуби ҳар кадом сохторҳо ва ноҳияҳоро зери назорат қарор дода шаванд.

Дар иртибот ба ин ҳолати омодагиҳои фонди манзил, муассисаҳои иҷтимоӣ  ва Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе барои қабули гармии аз тарафи Ҷамъияти саҳомии навъи кушодаи «Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳӣ» – и ШСХК “Барқи Тоҷик” дар мавсим пешниҳодшаванда, ба риштаи таҳлил аз ҷониби шаҳрдор кашида шуд ва зимнан аз муовинони соҳавии Раиси шаҳр ва роҳбарияти Маркази зикрёфта тақозо гардид, ки масъалаи дар муҳлатҳои тасдиқгардида аз ҷониби фармоишгар ба истифодадиҳии дегхонаи Ғарбиро зери назорат қарор диҳанд.

Раиси пойтахт таваҷҷуҳи ҳозиринро ҳамчунин ба масъалаи иҷрои талаботи қонун дар бораи манъи нигоҳдории чорво дар қаламрави Душанбе, риояи қоидаҳои беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар шаҳр ва чораҳои зиддисӯхторӣ  ҷалб намуда, дастур дод, ки дар ин самат тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Бо нигаронӣ нисбати фаъолияти Маркази татбиқи Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Душанбе” аз Прокуратураи шаҳр ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе дархост шуд, ки дар ин ҷода ва аз ҳолати захираи маводи ниёзи аввалия барои мавсими зимистонгузаронӣ дар бозорҳои коммуналии шаҳр санҷишҳои мутақобиларо анҷом диҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.