Гурӯҳи ҳунармандони театри мустақили Маскав бори дуюм ба тамошочиёни Душанбе спектакли «Мастер ва Маргарита»-и Булгаковро намоиш медиҳад. Аммо спектакл бидуни иштироки актрисаи маъруфи рус Олга Кабо мегузарад, ки мебоист нақши қаҳрамони асосиро бозад. Ӯро актрисаи дигар Наталя Гончарова иваз мекунад.
Корманди Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Толиб Норов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сабаби ба Душанбе ташриф наовардани Олга Кабо наворгирии ногаҳонии ӯ дар шаҳри Париж мебошад, ки чанд рӯз қабл аз сафари Душанбе ӯ ба он ҷо раҳсипор шудааст.
Эълони намоиши спектакли «Мастер ва Маргарита» дар Душанбе бо иштироки Олга Кабо аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, маҳз ба шарофати иштироки Олга Кабо дар спектакл, сарфи назар аз нисбатан гаронтар будани билетҳо барои намоиш (ба ҳисоби миёна 150 сомонӣ) дӯстдорони ҳунари театр ба он хеле зиёд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Нахуст эълон шуда буд, ки дар Душанбе ин гурӯҳ спектаклро танҳо як маротиба – рӯзи 19-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш медиҳад, аммо баъдтар Вазорати фарҳанг бо дархости сершумори алоқамандони театр қарор кард, ки намоиш рӯзи 18-уми ноябр низ барпо карда мешавад.


