Суғд: Аёдати оилаҳои осебдидагон аз амали террористии соли 2010

Дар вилояти Суғд оилаҳои ҳалокшудагон ва осебдидагон аз амали террористии соли 2010 дар Хуҷандро аёдат карданд. Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба ифтихори таъсиси Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил (УБОП)-и ВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз оилаҳои фавтидагону зарардидагон, ки аз амали террористии субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди бинои […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд оилаҳои ҳалокшудагон ва осебдидагон аз амали террористии соли 2010 дар Хуҷандро аёдат карданд.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ба ифтихори таъсиси Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил (УБОП)-и ВКД ҶТ дар вилояти Суғд аз оилаҳои фавтидагону зарардидагон, ки аз амали террористии субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар назди бинои шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилоят осеб дида буданд, хабаргириву аҳволпурсӣ шуд.

Аз номи раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ин оилаҳо мудири шуъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии Дастгоҳи раиси вилояти Суғд Содиқ Бобоҷонов ташриф оварда, бо рӯзгору вазъи солимӣ ва мушкилоти онҳо аз наздик ошно гардид.

Ёдрас мекунем, ки субҳи 3-юми сентябри соли 2010 дар ҳавлии бинои Шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиинояткории муташаккили вилояти Суғд як амали террористӣ анҷом дода шуд. Он субҳ баъди ба ҳавлии бино ворид шудани ду автомашинаи кормандони шуъба ҷинояткорон низ бо автомашинаи муҷаҳҳаз бо маводи тарканда ба ҳавлӣ ворид шуда, онро мавриди инфиҷор қарор дода буданд. Бар асари ин ҳодиса ду нафар кормандони шуъба ҳалок ва 28 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта буданд. Баъди табобат ҷароҳатбардоштагон қариб ҳамаашон дар ҳамин шуъба ба фаъолияти худ идома дода истодаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пешниҳоди Қазоқистон ба Тоҷикистон барои содироти бештари ғалла

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.