Шабдолов: Муттаҳидии коммунистон сайёраро аз фашизм наҷот медиҳад

Ҳафтаи гузашта раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар кори конфронси навбатии ҳаракатҳои коммунистӣ ва коргарӣ дар шаҳри Лиссабон ширкат варзид. Ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин чорабинӣ намояндагони ҳаракат ва аҳзоби чапгарои беш аз 100 кишвари дунё иштирок карда, дар он атрофи роҳҳои раҳо ёфтани иқтисоди ҷаҳон […]

Аваз Юлдошев


Ҳафтаи гузашта раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов дар кори конфронси навбатии ҳаракатҳои коммунистӣ ва коргарӣ дар шаҳри Лиссабон ширкат варзид.

Ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин чорабинӣ намояндагони ҳаракат ва аҳзоби чапгарои беш аз 100 кишвари дунё иштирок карда, дар он атрофи роҳҳои раҳо ёфтани иқтисоди ҷаҳон аз буҳрони аллакай тӯли даҳсола идомадошта табодули назар сурат гирифт.

«Дар конфронс зикр гардид, ки аз пошхӯрии лагери сотсиалистӣ империализм худро озод ҳис намуда, дигар аз пролетариат ҳарос надорад ва ин бепарвоӣ ба буҳрони худи империализм оварда расонид. Бар асари буҳрон имрӯз синфи миёна барҳам хӯрда, намояндагони он ба сафи мардуми заҳматкаш (пролетариат) бипайвастанд», – гуфт Шабдолов.

Дар идома раиси ҲКТ қайд кард, ки зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ ӯ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб кардааст, ки дар бисёр кишварҳо буҳрони ҷаҳонӣ метавонад ба зуҳури фашизм, ифротгроии динӣ ва терроризм боис гардад.

«Кишварҳое, ки талаботи ҳаракатҳои чапгарои коргариро нодида мегиранд, ба шикаст дучор мешаванд. Чунин ҳодисаҳо дар Ироқ, Афғонистон ва Либия ба вуқӯъ пайвастанд. Ба туфайли дастгирии Русияву Чин ва синфи коргари ҷаҳон, Сурия ба он истодагарӣ карда тавонист», – муътақид аст Шабдолов.

Ба қавли раиси ҲКТ, ҳамоиши ҷаҳонии ҳаракатҳои чапгаро ва коргарӣ дар пойтахти Португалия ба ҳукуматҳои кишварҳо тавсия медиҳад, ки «ин қадр ба модели иқтисоди бозаргонӣ дода нашуда, ба иқтисоди тарҳрезишудаи давлатӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд».

Номбурда илова намуд, ки дар доираи ҳамоиш бо пешвоёни аҳзоби коммунисти Португалия, Баҳрайн, Покистон, Ҳиндустон ва Бангладеш дидору гуфтушунид кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.