Муҳоҷирон ба гирифтани суғуртаи тиббӣ дар Русия уҳдадор мешаванд

Дар низоми бима (суғурта)-и тиббӣ Русия бимаи ҳатмии тиббӣ барои муҳоҷирни кории хориҷиро ҷорӣ месозад ва акнун бидуни суғуртаи тиббӣ ва ҳамчунин иҷозатнома барои кор ё патент, шаҳрванди хориҷӣ наметавонад дар қаламрави Русия доимо ё тибқи қарордоди корӣ ба фаъолият машғул шавад. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, тағйироти воридмешуда […]

ASIA-Plus


Дар низоми бима (суғурта)-и тиббӣ Русия бимаи ҳатмии тиббӣ барои муҳоҷирни кории хориҷиро ҷорӣ месозад ва акнун бидуни суғуртаи тиббӣ ва ҳамчунин иҷозатнома барои кор ё патент, шаҳрванди хориҷӣ наметавонад дар қаламрави Русия доимо ё тибқи қарордоди корӣ ба фаъолият машғул шавад.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, тағйироти воридмешуда ба Кодекси меҳнати Русия дар қисмати фаъолияти муҳоҷирон шаҳрвандони хориҷиро ба пешниҳоди санади суғуртаи ихтиёрии тиббӣ ба корфармо зимни имзои қарордод уҳдадор мекунад.

«Ин тағйирот талабот барои муҳоҷирон зимни бастани қарордодро сангинтар намуда, иҷозатномаи кор ё патент, иҷозат барои иқомати муваққатӣ вобаста ба мақоми маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва бимаи ҳатмии тиббӣ низ акнун аз шартҳои асосии бастани қарордоди меҳнатӣ маҳсуб меёбанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки барои шаҳрвандони хориҷие, ки камтар аз 6 моҳ қарордоди меҳнатӣ ба имзо мерасонанд, пешниҳоди санади бимаи нафақа ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии низомӣ ҳатмӣ нест. «Навгонии асосии лоиҳаи қонун – пешниҳоди санади бимаи тиббӣ ё шартномаи дахлдор дар бораи ба шаҳрванди хориҷӣ расонидани кӯмаки аввалияи тиббӣ зимни бастани қарордоди меҳнатӣ мебошад ва баррасии ин тағйирот дар музокироти умумӣ то 29-уми январ идома меёбад», – афзуд М.Эгамзод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.