Видео-конфронси мустақими вакилони парлумон бо фаъолзанони Суғд

Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова ва вакилзанони МНМО ҶТ Галия Рабиева, Бибидавлат Афзалшоева, Мунаввара Кенҷаева, Мақсуда Самадова, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Сабоҳат Муқумова ва Нодира Турдиматова имрӯз бо фаъолзанони вилояти Суғд видео-конфронси мустақим (он-лайн) баргузор намуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни […]

Аваз Юлдошев


Муовини раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Назира Ғаффорова ва вакилзанони МНМО ҶТ Галия Рабиева, Бибидавлат Афзалшоева, Мунаввара Кенҷаева, Мақсуда Самадова, Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Сабоҳат Муқумова ва Нодира Турдиматова имрӯз бо фаъолзанони вилояти Суғд видео-конфронси мустақим (он-лайн) баргузор намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷараёни конфронс Н.Ғаффорова дар бораи тадбирҳои андешидаи ҳукумат ва парлумон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар идоракунии давлат ва ҳаёти ҷомеа маълумот дод.

«Ғаффорова зикр кард, ки дар сохторҳои ҳукумати кишвар имрӯз беш аз 4,5 ҳазор нафар занон мансабҳои давлатиро ишғол намуда, ҳазорон нафар занон дар бахшҳои соҳибкорӣ, маориф, соҳаҳои иҷтимоӣ ва тандурустӣ машғули коранд. Муовини раиси палатаи поёнии парлумон ба ҳозирин хотиррасон намуд, ки занон дар таъмини осудагии рӯзгор, таҳкими оила ва таълиму тарбияи фарзандон масъулияти зиёд доранд», – иброз дошт Султонов ва илова кард, ки дар рафти конфронс вакилзанон ба саволҳои сершумори фаъолзанони вилояти Суғд оид ба масоили маориф, тандурустӣ ва роҳандозии тиҷорат посух гуфтанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.