Вакили мудофеъ: Озмоишгоҳи «БиоПапа» мегӯяд, Зайд Саидов падари фарзанди «ҷабрдида» нест

Исҳоқ табаров яке аз вакили мудофеи  Зайд Саидов имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи ташхиси озмошгоҳи москвагии «БиоПапа», зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест». «Мо аз оғоз ба дахл доштани ин кӯдак ба Зайд Саидов бовар надоштем, чунки худи ӯ ҳамеша аз ҷой доштани  яягон навъ алоқа бо зане, ки ӯро […]

Мавзуна Абдуллоева



Исҳоқ табаров яке аз вакили мудофеи  Зайд Саидов имрӯз дар рафти конфронси матбуотӣ гуфт, ки мутобиқи ташхиси озмошгоҳи москвагии «БиоПапа», зерҳимояти ӯ аслан падари фарзанди «ҷабрдидаи таҷовуз нест».

«Мо аз оғоз ба дахл доштани ин кӯдак ба Зайд Саидов бовар надоштем, чунки худи ӯ ҳамеша аз ҷой доштани  яягон навъ алоқа бо зане, ки ӯро ба таҷовуз муттаҳам кардааст, рад мекард. Аз ин рӯ, ман шахман ба озмоишгоҳи «Био Папа»-и шаҳри Москва сафар кардам. Дар натиҷа маълум гашт, ки Зайд Саидов аслан падари он тифл нест», – мегӯяд Табаров.

Ӯ ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи ин ташхис, метавон гуфт, ки натиҷаҳои ташхиси қаблан аз ҷониби мақомоти дахлдор ба суд пешниҳодшуда, пурра қалбакӣ ҳастанд.

«Имрӯз мо ба ҳамин хотир ҳуҷҷатҳои аз лабораторияи «БиоПапа» дастрас кардаро ба суд пешниҳод намудем ва суд ваъда дод, ки ба ҳамаи он баҳои ҳуқуқӣ медиҳад», – гуфт табаров.

https://www.youtube.com/watch?v=Ua1UA2Cd0zY

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.