Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба масъалаи қонуншиканиҳое, ки дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» содир мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки тамоми гунаҳкорони садамаҳои нақлиёт, аз ҷумла фарзандони мансабдорони воломақом низ мавриди муҷозот қарор дода шаванд.
Ёдрас мекунем, ки яке аз садамаҳои нақлиёти пурсарусадо бо иштироки фарзанди мансабдори воломақом шоми рӯзи 9-уми октябри соли равон дар пойтахт рух дод. Бар асари ин садама се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари раиси КВД «Роҳи оҳани тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.
Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбати ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»
парвандаи маъмурӣ
боз намуд.
Вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишон додан дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати волидони Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.



