Президент ҷонибдори муҷозоти фарзандони мансабдорон барои садамаҳои нақлиёт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба масъалаи қонуншиканиҳое, ки дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» содир мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки тамоми гунаҳкорони садамаҳои нақлиёт, аз ҷумла фарзандони мансабдорони воломақом […]

ASIA-Plus


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ташриф оварда, ба масъалаи қонуншиканиҳое, ки дар роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ аз ҷониби «ҷавонони тиллоӣ» содир мешаванд, таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарифзода хабар дод, Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки тамоми гунаҳкорони садамаҳои нақлиёт, аз ҷумла фарзандони мансабдорони воломақом низ мавриди муҷозот қарор дода шаванд.

Ёдрас мекунем, ки яке аз садамаҳои нақлиёти пурсарусадо бо иштироки фарзанди мансабдори воломақом шоми рӯзи 9-уми октябри соли равон дар пойтахт рух дод. Бар асари ин садама се нафар ба ҳалокат расида, боз се тан бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буданд. Дар ин садама автомашинаи тамғаи «БМВ» таҳти идораи Расул Амонуллои 16-сола, писари раиси КВД «Роҳи оҳани тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло  суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, ба автомашинаи тамғаи «ВАЗ 21-014 бархӯрд.

Аз рӯи далели ин садамаи фоҷеабор мутобиқи моддаи 212, қ. 3 КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт,  ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ё бештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз гардида, дар он ҳукми аз 5 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад.

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ нисбати ҳамсари сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Амонулло Ҳукуматулло барои риоя накардани меъёрҳои қонуни кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

парвандаи маъмурӣ

боз намуд.

Вобаста ба беэътиноӣ ва бемасъулиятӣ нишон додан дар таълиму тарбияи фарзанд нисбати волидони Расули Амонулло тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар он барои риоя накардани қонун ба маблағи аз 40 то 120 сомонӣ ҷаримабандӣ пешбинӣ шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.