Оғози Ҳафтаи глобалии соҳибкорӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) оғоз гардид. Дар доираи ин Ҳафта аз 18 то 24-уми ноябр дар 125 кишвари дунё ба дастгирии беш аз 25 ҳазор ташкилотҳои шарикӣ чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (American Chamber of Commerce ( AmCham ) хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин […]

ASIA-Plus


Дар Тоҷикистон Ҳафтаи глобалии сартосарӣ (глобалӣ) оғоз гардид. Дар доираи ин Ҳафта аз 18 то 24-уми ноябр дар 125 кишвари дунё ба дастгирии беш аз 25 ҳазор ташкилотҳои шарикӣ чорабиниҳо баргузор карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон (American Chamber of Commerce (

AmCham

) хабар доданд, дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ рӯзи 21-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон»-и пойтахт намоишгоҳ созмон дода мешавад, ки тамоми аъзои Палатаи савдои амрикоӣ маҳсулот ва хизматгузориҳои худро дар он ба маърази умум мегузоранд.

Ба иттилои манбаъ, худи ҳамин рӯз бахшида ба баррасии масоили рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон бо иштироки кормандони ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагиҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе конфронси матбуотӣ доир мегардад.

Палатаи савдои амрикоӣ дар Тоҷикистон ба пешбурди муҳити тиҷоратӣ дар ҷумҳурӣ машғул буда, аз соли 2009 шумори аъзои Палата се маротиба афзуд. Ҳар як сохтори тиҷоратии дохилӣ ва берун аз ҳудуди Тоҷикистон, ки баҳри саҳмгузорӣ ба рушди муҳити мусоиди иқтисодӣ дар кишвар омода аст, метавонад узви Палата шавад. Дар навбати худ, AmCham ба ширкат ҷиҳати рушди тиҷорат ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.