Чанде аз вакилони парлумон ба ҳайати ҳукумати нав шомил мешаванд

Дар ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон аз интихоботи миёндавраӣ интизорӣ меравад, зеро чанде аз вакилон метавонанд ба ҳайати нави ҳукумат шомил гарданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аллакай маълум аст, ки бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин шудани раиси ВМКБ Қодири Қосим, […]

Аваз Юлдошев


Дар ҳарду палатаи парлумони Тоҷикистон аз интихоботи миёндавраӣ интизорӣ меравад, зеро чанде аз вакилон метавонанд ба ҳайати нави ҳукумат шомил гарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, аллакай маълум аст, ки бинобар сабаби ба вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ таъин шудани раиси ВМКБ Қодири Қосим, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, ӯ муваззаф аст, ки ваколатҳои аъзои палатаи болоии парлумон, муовини раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ-ро супорад.

«Ояндаи наздик имзои фармони президент дар бораи ба вазифаи муовини нахуствазири ҷумҳурӣ оид ба масоили бахши иҷтимоӣ, фарҳанг, илм ва иттилоот таъин шудани раиси Кумитаи МНМО ҶТ оид ба маориф, илм ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова дар назар аст», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки ояндаи наздик ба ҳайати ҳукумати нав ба кор гузаштани дигар аъзои палатаи поёнии парлумон низ аз эҳтимол дур нест.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.