Кабирӣ ба аёдати узви боздоштшудаи ҳизб ба Исфара рафтанист

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархости вакилӣ ирсол намуд, ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов хоҳиш карда мешавад. […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта раиси ҲНИТ, вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳиддин Кабирӣ ба унвони прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода дархости вакилӣ ирсол намуд, ки дар он санҷиши изҳороти адвокатҳо дар матбуот дар мавриди ҳолатҳои истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони милисаи шаҳри Исфара нисбати аъзои боздоштшудаи ҲНИТ Умедҷон Тоҷиев ва Зуҳур Иброҳимов хоҳиш карда мешавад.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲНИТ дар ин робита изҳор кард, ки ӯ нияти сафар ба вилояти Суғдро дошта, бо ҷузъиёти истифодаи шиканҷа нисбати аъзои ҲНИТ дар шаҳри Исфара дар маҳалли ҳодиса аз наздик ошно гардиданист.

«Агар имкон даст диҳад, ман аз тавқифгоҳи муваққатии Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Исфара низ боздид карда, бо узви ҲНИТ У.Тоҷиев дидору гуфтушунид карданиам», – иброз дошт Муҳиддин Кабирӣ.

Бино ба иттилои

Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ

, Тоҷиев Умедҷон Исломович, соли таваллудаш 1979, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, дар таърихи 30 октябри соли 2013 ба Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара барои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне «Итоат накардан ба амр ва талаботи қонунии корманди милитсия ва шахси дигар, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятиро иҷро менамояд», дастрас ва бо қарори Суди шаҳри Исфара, ба мӯҳлати 10 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин гардид.

Дар таърихи 2-юми ноябри соли 2013 нисбати Тоҷиев У. И., дар асоси нишондоди пеш дастгир ва ҳабсшудагон Иброҳимов З., ва Шодиев Ғ., инчунин иқрори худи ӯ, аз тарафи Прокуратураи шаҳри Исфара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 187 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили иттиҳоди ҷиноӣ (ташкилоти ҷиноятӣ)) оғоз карда шуд.

Баъди анҷоми пурсиш Тоҷиев У. И., бо мақсади фирор намудан аз ошёнаи сеюми бинои Шўъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ба поён меҷаҳад, ки дар натиҷа пойи чапи ӯ ҷароҳат бардоша, барои ёрии таъҷилии тиббӣ расонидан, аз тарафи кормандони милитсия ба беморхона дастрас карда мешавад.

Вобаста ба ҳолати аз ошёнаи сеюми бинои Шӯъбаи 1-и ВКД дар шаҳри Исфара ҷаҳидани Умедҷон Тоҷиев бо супориши вазири корҳои дохилӣ санҷиши хизматӣ гузаронида шуда, кормандони масъули ШВКД-1 дар шаҳри Исфара то ба аз вазифа озод намудан ба

ҷазоҳои гуногуни интизомӣ

кашида шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.