КМ «ТоҷЧин» аз пардохти ААИ ва боҷи содиротӣ озод шуд

Имрӯз палатаи поёнии парлумон пешниҳоди ҳукумат дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ҷонибдорӣ кард. Мутобиқи ин тағйирот, корхонаи муштараки ҶДММ «ТоҷЧин» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи содиротӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба ҷумҳурӣ озод карда мешавад. Зимни […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз палатаи поёнии парлумон пешниҳоди ҳукумат дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро ҷонибдорӣ кард. Мутобиқи ин тағйирот, корхонаи муштараки ҶДММ «ТоҷЧин» аз пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) ва боҷи содиротӣ барои воридоти технология, таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон ба ҷумҳурӣ озод карда мешавад.

Зимни шарҳи тағйироту илова ба вакилон муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Гулчеҳра Бозорова зикр кард, ки ширкат аз пардохти маблағи умумӣ дар ҳаҷми 9,8 млн. доллари ИМА барои воридоти технология ва таҷҳизот ба ҷумҳурӣ озод мегардад.

«Мувофиқи ҳисобҳои мо, аллакай пас аз як моҳи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иқтидорҳои аввали корхонаи сементбарорӣ, корхона ба буҷети давлат ба сифати андоз 11 млн. $ маблағ пардохт мекунад ва бовар дорам, ки ин маблағ ҳамасола афзоиш хоҳад ёфт», – гуфт Бозорова ва илова намуд, ки дар ин корхона зиёда аз 300 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар робита ба ин масъала қайд кард, ки ҳукумати ҷумҳурӣ бояд натанҳо соҳибкорони алоҳидаи бнёдкунандаи иқтидорҳои истенҳсолӣ дар кишвар, балки мувофиқи имкон аксари онҳоро низ дастгирӣ намояд.

Ёдрас мекунем, ки  1-уми октябри соли равон бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар болои ағбаи Чормағзаки шаҳри Ваҳдат сохтмони як корхонаи бузурги сементбарорӣ оғоз ёфт. Ин корхонаи азими саноатӣ бо иқтидори солонаи 600 ҳазор тонна семент аз ҷониби ширкати муштараки Тоҷикистону Чин ТОҶЧИН дар зарфи 8 моҳ бо харҷи беш аз 20 миллион доллари амрикоӣ бунёд хоҳад ёфт. Аз ин маблағ 51% сармояи мустақим аз доираҳои соҳибкории Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 49% сармояи соҳибкорони хусусии Тоҷикистон мебошад.

Ояндаи наздик ҳаҷми сармоягузорӣ то ба 50 миллион доллари амрикоӣ ва иқтидори истеҳсолии корхона ба 1,5 миллион тонна семент дар як сол расонда хоҳад шуд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо дар давраи сохтмон то 500 нафар ва пас аз ба кор даромадани корхона 250 кас бо корӣ доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Беш аз 80% коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд. Барои аз худ намудани нозукиҳои муҳандисию техникӣ ва технологии ин корхонаи муосир беш аз 50 нафар ҷавонони тоҷик бо ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон омӯзонда ва омода карда мешаванд.

Ба иттилои роҳбарияти чинии корхона ин иншооти азими саноатӣ бо технологияи навтарини ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз гардида, истеҳсолоти он бепартов хоҳад буд ва ҳеҷ зарари экологӣ ба табиати зебои ин мавзеъ нахоҳад расонд. Дар ин ҷо сементи навъи 500 ва 600 истеҳсол мегардад, ки дар бозори дохил ва хориҷи кишвар харидорони бешумор дошта, дар сохтмони тамоми намуди иншоот, аз ҷумла иншооти бузурги саноатӣ ва гидротехникию гидроэнергетикӣ низ васеъ истифода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.