Аттраксионҳо ба рӯйхати иншооти хатарнок шомил мешаванд

Дар ҷаласаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи амнияти саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» тағйироту илова ворид шуд. Вакили МНМО ҶТ, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки мувофиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз ин ба баъд аттраксионҳои барои истироҳату дилхушӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат ва […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумон ба Қонуни ҶТ «Дар бораи амнияти саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» тағйироту илова ворид шуд.

Вакили МНМО ҶТ, раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки мувофиқи тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда, аз ин ба баъд аттраксионҳои барои истироҳату дилхушӣ дар боғҳои фарҳангу фароғат ва дигар макони дилхушӣ насбшуда ба рӯйхати иншооти истеҳсолии хатарнок шомил мегарданд.

«Моликони аттраксионҳо акнун уҳдадор мешаванд, ки амнияти мизоҷони худро таъмин намуда, баҳри ҳифзи солимӣ ва ҳаёти корбарони аттраксионҳо тадбирҳо андешанд», – иброз дошт Шодӣ Шабдолов.

Тағйироту илова ба қонуни мазкур бо аксари кулли овозҳои вакилон дастгирӣ шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.