Дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон аз тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3 млрд. 614,4 млн. сомонӣ (759,1 млн. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта ба 116,5% баробар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, қисми зиёди сармоягузорӣ – 44% ба бахши давлатӣ ҷалб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ба бахши хусусӣ – 27,1%, моликияти хориҷӣ – 19,9%, соҳаи энергетика – 16,7% ва корхонаҳои муштарак – 8,6% аз ҳаҷми умумии сармогузорӣ рост меояд.
Зикр гардид, ки бо шумули маблағгузории ширкатҳои давлативу ватании хусусӣ дар ҳаҷми 481,4 млн. сомонӣ (101,1 млн. $ ё худ 79,8%) ба сохтмони иншооти энергетикӣ дар ҳаҷми 603,6 млн. сомонӣ (126,8 млн. $) сармоягузорӣ сурат гирифт.
Гуфта мешавад, тавассути қарзҳои хориҷӣ 122,2 млн. сомонӣ (25,7 млн. $ ё худ 20,2%) маблағ дастрас гардида, ҳиссаи сармоягузориҳои азхудшуда дар иншооти энергетикӣ 62,2%-ро ташкил медиҳад.



