Таҳияи лоиҳаи қонуни роҳандозии фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ

Рӯзи 20-уми ноябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми […]

ASIA-Plus


Рӯзи 20-уми ноябри соли равон раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов бо ҳайати намояндагии Давлати Қатар таҳти сарварии мудири бахши рушди фаъолияти Созмони сармоягузории Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллӣ, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахши низоми бонкӣ, ҷалби сармоягузориҳои дарозмуҳлат ба иқтисодиёти ҷумҳуриро баррасӣ намуданд.

Дар оғози суҳбат Ширинов меҳмононро бо вазъи феълии макроиқтисодӣ ва дастовардҳо дар низоми бонкии мамлакат шинос намуда, иброз дошт, ки айни замон дар ҷумҳурӣ бобати ба роҳ мондани фаъолияти бонкдорӣ тибқи қоидаҳои исломӣ корҳои омодагӣ идома дошта, аз ҷумла лоиҳаи қонуни дахлдор таҳия ва мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дорад.

Дар навбати худ, роҳбари ҳайати меҳмонони давлати Қатар ҷаноби Файсал ибни Сауд Оли Сонӣ изҳор намуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахш дар соҳаҳои гуногун, бахусус низоми бонкӣ ва маблағгузориҳои дарозмуҳлат манфиатдор мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.