Веломарафон дар пойтахт ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ  таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр ва баргузории як силсила чорабиниҳо ба ин муносибат дар пойтахт қарори дахлдор ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ба ин муносибат рӯзи 24-уми ноябр дар дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии […]

ASIA-Plus


Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ  таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон санаи 24-уми ноябр ва баргузории як силсила чорабиниҳо ба ин муносибат дар пойтахт қарори дахлдор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ба ин муносибат рӯзи 24-уми ноябр дар дар боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» аксияи «Садоқат ба Парчам», дар Кӯли ҷавонон аксияи «Орази Парчам», дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи «Таърихи Парчам» ва дар майдони «800-солагии Москва» аксияи «Муҳаббат ба Парчам» ва ҳамчунин сайругашти идонаи сокинон ва меҳмонон, консертҳо ва дигар чорабиниҳои ҷашнӣ доир мегарданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин чопи мақолаҳо ва таҳияву пахши барномаҳо оид ба рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла, таърих ва муҳтавои аломатҳои Парчами  давлатӣ, баргузории дарсҳои мавзӯӣ, вохӯриву сӯҳбатҳо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ташкили намоишгоҳи китобҳо ва мизи мудаввар ба ин муносибат дар назар аст.

Гуфта мешавад, ба ифтихори таҷлили ҷашни Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» веломарафон баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.