Иштироки Зарифӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии ИА ва кишварҳои ОМ

Рӯзи 20-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои […]

ASIA-Plus


Рӯзи 20-уми ноябри соли равон дар шаҳри Брюссел ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар чорабинии мазкур ҳайатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар назди ИА муаррифӣ гардиданд. Дар раъси ҳайати Иттиҳоди Аврупо Вазири корҳои хориҷии Литва Линас Линкявичюс қарор дошт.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ байни ИА ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои минтақавии Иттиҳоди Аврупоро дар соҳаҳои маориф, волоияти қонун ва муҳити зист муҳокима карда, оид ба дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.

Перомуни ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва сармоягузорӣ, раиси ҳайати Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо таҳияи муштараки Нақшаи амал оид ба рушди сармоягузорӣ ва савдо байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро пешниҳод кард.

Баррасии чолишу хатарҳои амнияти минтақавӣ, аз ҷумла вазъият дар Афғонистон, дар меҳвари муҳокимарониҳои вохӯрии вазирон буд. Дар маҷмӯъ, иштирокчиёни вохӯрӣ ба як мавқеъ расиданд, ки масоили амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бо вазъият дар Афғонистон робитаи қавӣ дорад ва қазияи Афғонистон ҳалли ҳарбиро надорад.

Дар рафти муҳокимаи вазъият дар Афғонистон иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳ.Зарифӣ таъкид намуд, ки амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон бояд бо чораҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ таҳким дода шавад. Дар ин қарина, Ҳ.Зарифӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи ташаббуси қаблан эълоншудаи Тоҷикистон доир ба бунёди маркази минтақавии бисёрсоҳа оид ба омодасозии кадрҳо барои Афғонистон дар Душанбе ёдовар шуд ва аз шарикони аврупоӣ даъват намуд, ки дар лоиҳаҳои сохтмони хатти баландшиддати интиқоли барқ СASA-1000, роҳи оҳани тавассути Тоҷикистон, Афғонистон ва Туркманистон убуркунанда, инчунин дар лоиҳаҳои сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ, ки ба ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳсозии сатҳи зиндагии мардуми минтақа нигаронида шудаанд, фаъолона ширкат варзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.